ХОЛАИ ГУЛРЕЗ

Раҳ мегузорад дастгоҳ
Пешу қофо,
Пешу қафо,
Резад паёпай рӯйи роҳ

Гул бесадо,
Гул бесадо.
Аз остон то осмон
Гул ранг-ранг
Гул  ранг-ранг

Фабрика не, як гулистон,
Монӣ гаранг,
Монӣ гарад.
Печад ба гул то марду  зан,
Гули  мениҳад,
Гули мениҳад,

Умре ба ту,  умре ба манн,
Гул медиҳад,
Гул мдиҳад.
Резад гули зебою тар
Аз орзу,
Аз орзу,

Солее баҳоре гулбасар
Дар чашми ӯ,
Дар чашми ӯ.

Гул аз зиё, гулаз сафо
Гул бехазон,
Гул бехазо…
Дастат набинад дардро,
Эй холаҷон,
Эй холаҷон!

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед