Хонақоҳи ман
Роста, фарзанди ман сураткаши хуб аст,
Хуб сурат мекашад, аммо
Сураташро дар чӣ деворе биовезад, намедонад.
Мо, ки деворе надорем,
Хонабардӯшем.
Роста, ман ҳам чу пира хаста мехоҳам гузорам
Як нафас, як лаҳза пуштамро ба девор.
Ҳафт пушти ман, ки дар гилхонаҳо гилкорӣ мекарданд,
Ба гил рафтанд.
Гар ба девори касе хушкида нақши панчае боқист,
Нақши панҷаи онҳост.
Ҳафт пуштам мардуми деворие буданд,
Лек дар пуштам на деворист, на девор.
Дар ватан аз шоирон як шоири зиндонӣ ман будам,
Дигарон буданд шоирҳои зиндонбон.
Ҷомаи ман бӯи зиндон мекунад то ҳол,
Бо чи собуне бишӯям ҷомаи худро?
Он хароши симҳои хордорашро агар бастам
Ман аз дастам,
Бо чӣ бандам ин даруни пурхарошамро?
Бо чӣ бандам ин даруни реш-решамро?
Дар қафои чашмаки зиндон, ки ҳамчун чашми сғузан буд,
Аз тамоми чеҳраҳо як чеҳраи пажмурдаи Гулчеҳраро ман дида будам.
Аз қафои чашмаки зиндон, ки ҳамчун чашми сӯзан буд,
Аз тамоми чеҳраҳо як чеҳраи пажмурдаи Гулчеҳраро бӯсида будам,
Бӯсаам дар чашмаки зиндон намеғунҷид.
Аз ватан вақте, ки мерафтам,
Хонаам ковок шуд, акси садо медод,
Хонаи ковоки манй чун ғорҳо момоҷавобак дошт.
Хонаам мегуфтаму момоҷавобак хонаам мегуфт,
Қисмати пешонаам мегуфтаму момоҷавобак қисмати пешонаам мегуфт.
Аз ватан вақте, ки мерафтам,
Субҳи бефайзаш намоён буд,
Бар сараш барфи нахустини зимистон буд.
Ин ки гуфтам дар ҷавонӣ мӯсафедам кард,
Дар ҷавонӣ мӯсафедаш кардаанд якбора дар як шаб,
Хуб пираш кардаанд якбора дар як шаб.
Субҳи бофайзе, ки ман бори сафар бастам,
Субҳи! рӯи кудаконам буд,
Духтари ман ахтари ин субҳи содиқ буд.
Аз ватан вақт, ки мерафтам,
Ёдам аз ӯ дар фазо мерафт.
Додам аз ӯ дар ҳаво мерафт.
Гуфтам аз рӯи ҳаво хат мекашам рӯи ватанро,
Баъд аз ин бигзор, бигзор!
Ман набинам рӯи ӯро,
У набинад рӯи манро.
Хостам дар шишаи танги ҳавопаймо ба ин маънӣ
Хат кашам инак,
Вале он шишаро нохост бӯсидам,
Чун дилам мехост бӯсидам,
Чун дилам мехост бӯсидам,
Бӯсаам дар шишаи танги ҳавопаймо намеғунчид.
Аз ватан рафтам, валекин дур рафтан аз ватан имкон надорад,
Мекашад чун зодбуди меҳрубон меҳраш,
Гарчи бо ман меҳрубон кам буд.
Чун тавонам аз замини ҳамрагу ҳамхуни худ бигрехт?
Чун? Ки дар нофи заминаш хуни нофам рехт.
Дарди чонкоҳам, ки аз он ҷост, дармони ман он ҷост.
Реши хуншорам, ки аз он чост, доруи ман он ҷост,
Ззҳри чандонам, ки аз он ҷост,
Нӯшдори ман он ҷост.
Зодгозҳам дар сари кӯҳи сафеди Ширбияш тӯтиё дорад,
Дар сари кӯҳи Зарафшон мӯмиё дорад,
Дар сари ҳар пушта аз рангинкамон чархофалак дорад,
Кӯзаи моҳи шабаш шири малак дорад,
Зодгоҳам оби гарму оби шӯрак дораду заррингиё дорад.
Дар қатори фавҷи мӯраш ҳамзқадам дорам,
Балки ман дар он қаламрав сад найистон ҳамқалам дорам.
Лангари дуру дарози турнаҳои навбаҳораш ку?
Чок-чоки чокаки шабзиндадораш ку?
Кӯчаҳои каҳкашони пахтазораш ку?
Пуштаи хоке, ки хоки хоксори қиблагоҳам буд, ку?
Хонаи ман-хонақоҳам буд, ку?
Ҳамватанҳоям касу нокас набуданд,
Мӯрҳои ҳамчу ман дар зери пои раҳгузар буданд,
Лолаҳои ҳамчу ман хунинҷигар буданд.
Ку сафедорони анбӯҳи саропо чашм,
Чашми бисёри пур аз меҳру муҳаббат?
Ку чанорони тануманди саропо даст,
Дасти бисёри мададгор?
Аз ватан рафтам.
Валеккн дур рафтан аз ва ган имкон надорад.
Мекашад хокаш;
Аз кашиданҳои хокаш набзи ман кандаст,
Зарбати набзам мураттаб неет.
Зарбати қалбам мураттаб нест.
Аз ватан рафтам, валекин мекашад хокаш,
Хоку хошокаш.
Зимистони 1997, Ҷаксонвилл
Муаллиф: Бозор Собир