ХОНИ ЕҲСОН
Бо ханада рӯйи худ тофт
Хуршеди тирамоҳон,
Тасфири дигаре ёфт
Маҳбуб тоҷикистон.
Русхора шуст дар нур
Себу анори хушбӯ,
Рӯ тоза кард бодом
Бо пистаҳои худрӯ.
Ангур ранг овард
Дар навдаи хами ток,
Чун қанд гашт ширин
Анҷиру олую нок.
Дар ҷуяҳои полез
Бо об нур ҳал шуд,
Харбуза шуд шакаррез,
Тарбуз ҷун асал шуд.
Хурмо наврасида
Бо шӯълаҳо даромехт,
Фарзанди офтоб аст,
Нури ҷаҳон ба ӯ рехт.
Да субҳи тоза лимӯ
Ҳамранги барги тар буд,
Нуре дамид дар рӯ,
Хушрангу тозатар шуд.
Бо ханда рӯйи худ тофт
Хуршеди тирамоҳон,
Бишкон хони эҳсон
Маҳбуб Тоҷикистон
Муаллиф: Убайд Раҷаб
Шарҳи худро нависед