ХУРРАМ РӯЗГОР ОЯД
Ҳаме гуфтам, ки вай бошад, ки хуррам рӯзгор ояд,
Ҷаҳон а нав ҷавон гардад, баҳори ғамгусор ояд.
Баҳори ғамгусор ояд, ки ҳар касро ба кор ояд,
Баҳоре, к-андар ӯ ҳар рӯз майро хостгор ояд.
Зи ҳар боде, ки бархезад кунун, бӯйи баҳор ояд,
Кунун моро зи боди бомдодӣ бӯйи ёр ояд,
Чу рӯйи кӯдакони мо дарахти гул ба бар ояд,
Нигори лоларух бо мо ба хуррам лолазор ояд.
Шарҳи худро нависед