ХУРСАНДӣ

Сабҳи сафо бар рӯйи мо
Рӯ тарзи дигар боз кард,
Монанди  нуре сӯйи мо
Мурғи фараҳ парвоз кард.

Дар мисли шаб пӯшида буд,
Чун субҳ омад, боз шуд,
Хомӯш буд, чанде ба гап
Омад, пур аз овоз шуд.

Чун лона  пинҳон бууд агар,
Гардид кохии бофаре,
Омад бародарҷони манн
Вақти саҳар аз аскарӣ.

Оҳанги шодӣ шуд баланд,
Пур шуд дару бом аз сурур,
Хешу  таборон омаданд
Пешу пас аз наздику дурр.

Чун мо деҳи пуркори мо
Дар қалби худ дорад баҳор,
Баргашт сӯйи корҷо
Дасу дили гарме ба кор.

Кӯҳу камар пеши назар
Имрӯз дигар паст тофт,
Ё хонаи мо шуд баланд,
Чун соҳибашро боз ёфт?

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед