Ки баъди мо гули оташ бирӯяд аз мазори ман
Дигар дар ҷомаи душман сари ёрй макун бо ман,
Ҷшардорй намедонй, ҷигархорй макун бо ман.
Манам он шишае. ки сангро дуд аз димор орад,
Дили афсурдае дорӣ, дилозорӣ макун бо ман
Ман он киҳам, ки кӯхсро зи бсху бун барандозад,
Най чун ҳамтарозуям, сабуксорӣ макун бо ман.
Чи суд аз он суханбофй. ки бадтар аз кафанбофист,
Нишин дар гӯшаи дуккону солорӣ макун бо ман
Зи ҷӯи кандаи ман об хурдӣ солҳои сол,
Агар бсзори худ гардидй, безорй макун бо ман.
Ало, эй дӯсти душманнасақ, боре фаросат кун,
Мададгорӣ наметонӣ, хапалгорӣ макун бо ман.
1978
♦ ♦ ♦
Хазонам гул кунад рӯзе, ки хандӣ, эй баҳори ман,
Нагунҷам дар ҳама олам, чу гунҷй дар канори ман.
Вале афсӯсу вовайло, ки аз васли ту маҳрумам,
Чу тиллои Зарафшчн нсстй дар ихтиёри ман.
Зи дастам барнамеояд, ки дастат гираму гӯям:
Гули оташпарасти ман. зи сар то по шарори ман,
Маро аз сӯхтан боке набошад, лек метарсам,
Ки оташбозии ишкаг бисӯзад ёдгори ман.
Туй оташ. манам оташ, кунад оташ зи оташ гул,
Ки баъди мо гули оташ бирӯяд аз мазори ман…