Ки дар заминм ҳу нар осмоншиносам кард

Шаби маҳтобу дарё масту ман ҳам масти саршорам,
Намедонам чӣ мехоҳам, намедонам чӣ ғам дорам.
Сарам мечархад аз мастӣ, дилам меларзад аз сустӣ,
Гаҳе аз хеш безорам, гаҳе чун чарх пуркорам. —
Ба дарё роз мегӯям, ба сад овоз мегӯям,
Наменолад зи аҳволам, намеболад зи ашъорам.
Дарахтеро ба оғуш мекашам чун ёри дерина,
Намегунҷад дар оғӯшам чу он ёри гунаҳкорам.
Ба пои кӯҳ меафтам чу як фарзанди сарсахташ,
Ки худ як санги соҳибдил ва ё як пора куҳсорам.
Чӣ аз тахти баланде суд, ғар бахти баланде нест,
Гаронборам зи бори дил, ки аз ҷоме сабукборам.
/975
♦ ♦ ♦
Ач нигохам шарора хохад монд,
Аз бисотам сигора хоҳад монд.
Дар канори замини аҷдодон
Қалби ман беканора хпҳад монд.
Дар шуморн тамоми дарди башар
Дарди ман бешумора хоҳад монд.
Пеши чашми замона неку бадам
Дар сухан ошкора хоҳад монд.
Аз касе як хасе намемонад,
Аз ман умри дубора хоҳад монд.
Пораҳои дили шикастаи ман —
Шеъри ман пора-пора хоҳад монд.
1978
♦ ♦ ♦
Ҷаҳони ишки ниҳоне ҷаҳоншиносам кард,
Фигони оби равоне равоншиносам кард.
Нигоҳи масти ҷавонӣ бикард агар пирам,
Нигоҳи хастаи пирӣ ҷавочшиносам кард.
Чи баргҳо, ки зи нахли умедҳоям рехт,
Чи сабзаҳо, ки баҳорон хазоншиносам кард.
Басо рисола зи вазъи замона хондам, лек
Замонасозии чанде замоншиносам кард.
Бех аз ҳазор «Ғ иёс»-у бех аз дусад «Фарҳанг»
Забондарозии чанде забоншиносам кард.
Зи пастсифаттарин чандбебароре шукр.
Ки дар заминм ҳу нар осмоншиносам кард.
1978

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед