КИТОБИ САНГИН

Шеър барои санги мазор навишташуда. 

Ба рӯи санги қабри хоксоре
Чунин ҳак гашта байти обдоре:
«Маро бо хоҳиши ман н-офариданд,
Вале бо хоҳиши худ ҳам намурдам.
Ҳар он чизе, ки аз дунё гирифтам,
Ба дунё боз чун қарзаш супурдам».
Ба санги обшуста, лайсу1 ҳамвор,

Чунин лавҳест аз ёри вафодор:
«Ба тори қуллаҳо фарёд кардам,
Ҷавонии туро ман ёд кардам.
На ту боз омадию на ҷавонӣ,
Ба байте сангро обод кардам».

Бидидам дар яке болори хона,
Чунин дубайтӣ аз усто нишона:
«Биё, меҳмони ман шав, эй бародар,
Гулистон кун даме кошонаи ман.
Биё ҳар гоҳ дасти холӣ, аммо
Дили холӣ наё бар хонаи ман».

Ба даври шаҳсутуни хонақоҳе,
Чунин шаҳбайт аз оқил гувоҳе:
«Намеарзад барои молу мансаб
Бародарзода бифребад бародар.
Чу мо фарзанди куҳҳои баландем,
Ба мо пастӣ намезебад, бародар!»

11.7.1966

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед