ҚОМУСИ ҚИРҒИЗ
Дар ҳамон ҷо ки нақши пои Манас
Мерасад то ба сарҳади пои Хуршед,
Кубаничбеки қадрдони ман
Хушсадо қомусе ба ман бахшид.
Ҳар гаҳе менавозамаш гӯӣ
Турма-меҳмони Қирғизистонам,
Масти ҳусни баҳори ӯ гашта
Гаҳ ғазалхонаму гоҳ рахсонам.
Гашта ба ман ҳамраҳ ҳамерақсанд
Барги гулҳову кӯҳу водиҳо,
Бозигар мавҷҳои Иссиқ-кӯл,
Паҳлавони ҷаҳоншумул Ало-тоо…
Дӯстиҷӯи қомуси қирғиз
Ҷӯр чун гашт бо рубоби ман,
Бо навоҳои дӯстӣ пур шуд.
Гулшану боғу роғу боби ман.
Дар ҳама ҷо ба ҷой меорад
Сарфарозона хизмати худро,
Ҳеҷ гаҳ бар замин нахоҳад зад
Шарафу шаъни миллати худро.
Кубаничбекро ташаккур бод,
Ки чунин қомусе ба ман бахшид,
Дар ҳамон ҷо ки нақши пои Манас
Мерасад то ба сарҳади хуршед!
Шарҳи худро нависед