Корест мушкил бо дили хеш

Маро корест мушкил бо дили хеш,

Ки гуфтан менаёрам мушкили хеш.

Хаёлат донаду ҷони ман аз ғам,

Ки ҳар шаб дар чӣ корам бо дили хеш.

Зи вопасмондагон ёде кун охир,

Чӣ ронӣ тунд, ҷоно, маҳмили хеш?

Басе гаштам чу маҷнун кӯҳу саҳро,

Магар ёбам суроғ аз манзили хеш?

Маро дар аввали манзил раҳ афтод,

Кай омад киштиям бар сохили хеш?

Чӣ фурсатҳо, ки гум кардам дар ин роҳ,

Зи бахти хобноки ғофили хеш!

Бикун ҷавлоне, охир дар раҳи мо,

Чу Ҳофиз хок кард обу гили хеш.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед