Косни — гул
Ин гули косни андак
Ёд оварад бодбезак,
Бодбезаки каб-кабуд,
Бодбезаки хушнамуд!
Шавад аз боди гузар
Баргҳои ӯ бозигар.
Гӯё ки мебезад бод,
Бо фараҳу дили шод.
Пашша аз ӯ ҳаросон,
Шахпрак ҳам гурезон.
Занбӯр ӯро наҷӯяд,
Гули варо набӯяд.
Косни ба кори хеш аст,
Ҳам посдори хеш аст.
Косни зеби пуштаҳост,
Бодбезаки бебаҳост.
Шарҳи худро нависед