Кӯчагардӣ
Равам аз ҷой бо андак насиме, гардро монам,
Бинои бемадорам, муҳраҳои нардро монам.
Нашуд ҷуз сӯхтан аз кӯчагардӣ ҳосили умрам,
Ба шаҳри тирабахтӣ машъали шабгардро монам.
Зи рашки ранги сурхам лаъл дар кон ранг гардонад,
Ба чашми каҳработабъон ақиқи зардро монам.
Намегардад зи дасти нола шамъи куштаам равшан,
Надорам аз иҷобат баҳра, оҳи сардро монам.
Чаро, эй гирдбод, имрӯз мегардӣ зи дунболам,
Зи худ рам кардам, Маҷнуни саҳрогардро монам.
Зи фарши махмали аҳли карам паҳлу тиҳӣ созам,
Гурезам аз давои ин ҳакимон, дардро монам.
Надорад, Сайидо, гулзор чун ман сарви мавзуне,
Ба рӯйи сафҳаи айём байти фардро монам.
Шарҳи худро нависед