ТУ БОШИЮ МАНУ ИН КӮҲСОРОН
Ту бошию лаби дарёи кӯҳӣ,
Ҷавонию хумори ношикаста.
Ту бошию бари домони саҳро,
Бароят гул бичинам даста-даста.
Бари домонат аз шабнам шавад тар,
Ба рӯи сабзаҳо чун по гузорӣ.
Мисоли акси хуршеди мунаввар
Шино созӣ ба рӯди беқароре.
Бароӣ чун садаф аз об рахшон,
Тани ларзони ту гавҳар фишонад,
Ба ҳар як қатраи қадди ту хуршед
Барои худ амонат лона монад.
Туро хуршед бар оғӯш гирад,
Бибӯсад қатраҳои қомататро.
Битобӣ дар шуои зарфишонаш,
Чу симинҳайкале поку мусаффо.
Сароӣ дар сари санге нишаста,
Суруди шодмонию таманно.
Бипечад савтҳои ширадорат
Ба шӯри мавҷҳо, ғавғои дарё.
Нишинам ман ба рӯи тахтасанге,
Нависам аз барои ёдгорӣ
Ду байти илтиҷою орзуе,
Ду байти меҳри дилбардӯстдорӣ:
«Лаби дарёчаю оби зулолаш,
Даруни об қадди навниҳолаш.
Табиат, як саховат кун ба ошиқ,
Ки бошад рӯзгори безаволаш…»
Ту бошию ҷавонию муҳаббат,
Дили ташна, хумори ношикаста.
Ту бошию лаби рӯду лаби ту,
Ману ту – мавҷҳои ҳалқабаста.
Ту бошию ману ин кӯҳсорон,
Ту бошию ба рӯям ханда пошӣ.
Агар тақдири ман бо ту набошад,
Бар ҳар ҷое, ки бошӣ, зинда бошӣ.
То дили шаб сайру гашти боғҳо,
То дили шаб рақсу бозию суруд.
То дили шаб чун таноби нуқрагӣ
Дасти ту бар гарданам печида буд.
Мефитод аз гумбази сабзи фалак
Гарди маҳ бар гумбази мӯи сарат.
Шаҳр масти хоб, танҳо музтариб
Сӯи дар чашмони чори модарат…
Он қадар хушбахт будию ғанӣ,
Он қадар бахтат ҷавон буду баланд;
Кӯчаҳои холию хомӯши шаб
Аз садои хандаат пур мешуданд.
Моҳи зинда қолаби рӯи ту буд,
Ханда гул мекард дар рухсораат.
Мавҷи гесуят зи шӯхии насим
Парда мешуд бар рухи маҳпораат.
Осмони ахтарафшон тоза буд
Чун ҷаҳони орзуҳои ҷавонӣ.
Парда-парда боз мешуд рози дил
Мисли рози сарбамӯҳри осмонӣ.
Пой мемондӣ ба болои замин
Чун фаришта бебалову бегуноҳ.
Оташак месӯхт дар чашмони ту,
Оташе бар оташи ишқат гувоҳ.
З-он нафасҳои азизи зиндагонӣ
Ёд агар орӣ, дилат таҳ мезанад.
Маҳ, ки шоҳид буд бар он саҳнаҳо,
Бо ту дар як хона хиргаҳ мезанад…
То дили шаб сайру гашти боғҳо,
То дили шаб рақсу бозию суруд.
То дили шаб чун таноби нуқрагӣ
Дасти ту бар гарданам печида буд.
25.6.1966
Муаллиф: Лоиқ Шералӣ