Кӯлоби як баёзи пур аз сураи намоз

(Ба гиромидошти хотираи Ҷиёнхон Ризо)

Бо хунҳо муҳаббати ҳамхунӣ рехта,
Пулҳои хешу таборӣ
Дар обҳои чашми ятимон шикастаанд.
Кӯлобам аз миёна ба ғафлат ҷудо шуда,
Шояд, ки то ба рӯзи қиёмат ҷудо шуда.
Пулҳо намондаанд, ба ғайр аз пули сирот.
Ҳайхот! Ҳайхот!

Аммо ба номи шӯриши Восеъ як китоб
Кӯлоб бо ман аст,
Кӯлоби ҳамчун аз кунҷит
Аз устухони дастаи манғит
Ҷувозкаш.
Кӯлоби сарбадор.
Кӯлоби Дараи Мухтор.
Кӯлоби Гулузор.

Аммо ба исми Ҳоҷии Кангуртӣ як баёз
Монанди ҷонамоз,
Умре ба назди ман
Чун чонамоз боз,
Кӯлоб бо ман аст,
Кӯлоби як баёзи пур аз сураи намоз.

Аммо ба номи лутфи Вализода як бағал
Кӯлоби соф зиндадили шӯх бо ман аст,
Кӯлоби завқу хандаву мазза,
Кӯлоби ҳаҷву лутфу ситеза,
Кӯлоби базму қаҳқаҳаи осмонхарош,
Кӯлоби печутоб,
Лабҳои ғарқи хандаву чашмони ғарқи об…

Аммо ба исми ҳофизи Одина сад навор
Кӯлоб бо ман аст,
Кӯлоби рези таблаку Кӯлоби рези ҷон,
Кӯлоби фавҷ-фавҷи рубоӣ,
Кӯлоби фавҷ-фавҷи дубайтӣ,
Кӯлоби як фалакзании аз фалак баланд,
Кӯлоби пирам Одинаи аз малак баланд.

Аммо ба поси рӯи дуконаш,
Ба ҳурмати намакаш,
Як сурфа як табақ
Кӯлоб бо ман аст,
Кӯлоби ширчою қурутобу нони гарм,
Кӯлоби рӯи гарму бародарсаломи гарм,
Дасту миёнфишории сахту такон-такон,
Кӯлоби меҳрубон,
Кӯлоби ҷон.

Аммо қасам ба малаккӯҳи Хӯҷа Сартезаш,
Аммо қасам ба намаккӯҳи Хӯҷа Муминаш,
Аммо қасам ба туғмазоронаш,
Аммо қасам ба латтамазоронаш;
Аммо қасам ба Ҷаъфари Содиқ,
Аммо қасам ба Ҳазрати Султон,
Кӯлоби калтаку лагаду хӯҷаинпараст,
Ҳокимпарасту шаҳнапарасту калонпараст,
Золимпарасту зӯрпарасту дуруштдӯст,
Фармонпарасту муштзану шӯрапуштӯст
Бо ман набуду нест, ки бо ман набуду нест.

Кулоби турктозиву яғмо,
Бо ман набуду нест,
Бо ман набуду нест, ки бо ман набуду нест!

1992, Душанбе

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед