ДИЛРО КУШО БА МАН

Ҳар кас, ки бо ту бошаду бо ту нафас кашад,
Бо чун туе ба бистари уммед сар ниҳад,
Як лаҳзааш саодати ҷовид медиҳад,
Хушбахт мешавад,
Бедоғ меравад.

Ҳуснат баҳор дораду ишқат баҳори дил,
Дастат ҷавонӣ ораду номат ҷаҳони бахт.
Ҳар кас, ки бо ту мезияд, эй посбони бахт,
Ҳасрат намебарад,
Сарват намехарад.

Гӯё чу чашм бо ману дурӣ чу ахтаре,
Ман аз ту бо ту меравам ҳар рӯз дилфигор.
Гунҷам агар ба қолаби армони ту, нигор,
Дилшод меравам,
Обод мешавам.

Аз ганҷи зиндагоният, аз сарбаландият,
Аз давлати ҷавоният, рози нуҳуфтаат,
Аз рангҳои будаат, аз ранги рафтаат,
Бикшой дафтаре,
Аз рӯи дилбарӣ.

То дар миёни ин ҳама ташвиши зиндагӣ,
Дастони нонавиштаи ҳусни ту офарам,
Меҳроби эътиқоди худ пеши ту оварам,
Гул созаму баҳор,
Баҳри ту ёдгор.

Аммо ҳасад намебарам, гар дар ту нестам,
Гар дар дилат нагунҷаму монам аз он бурун.
Фарёд ҳам намекашам аз бахти вожгун,
Хуш бод зиндагоният,
Бахти ҷавоният!

Дар чорроҳи зиндагӣ сад орзу ба дил,
Дар ҷустуҷӯи хештан то домани уфуқ
Раҳ меравам, ба дидаам то ҳаст ин фурӯғ,
Ёбам сиришти нав,
Ҳам сарнавишти нав.

Пардохта сиришти худ аз хубиҳои даҳр,
Сӯзи муҳаббати туро бар шеър медиҳам.
Пои талаб ба манзили мақсуд мениҳам,
Ҳам хайрбод мекунам,
Ҳам пешвоз меравам

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед