КӮТАҲАНД ДАСТОНАШ…

(Ҳаҷвия)
Бикушода ба рӯи зангиҳо
Дару дарвозаҳои зиндонро,
Баҳри “осоишиву” “бехатарӣ”
Ҳабс бинмуда ҳақпарастонро–
Мезанад дод Мағрибӣ мистер.
Ҳомиям ман ҳуқуқи инсонро!
То равад пеш кори ман хоҳам,
Ки кунам фош болшевиконро!
Чунки онҳо ҳуқуқи инсонро
Сар ба сар поймол кардастанд,
Карда барпой давлати халқӣ
Хунхӯронро малол кардастанд.
Меситоянд ҳар куҷо бо фахр
Давлати сермиллати худро,
Ҳайратовар чаро намебинанд
Иллату нуқси давлати худро?
Магар ин давлатест пурмиллат,
Ки задухӯрди миллӣ дар он нест?
Дар ягон гӯшаву канори он
Қаҳтиву гушнагиву бӯҳрон нест?
Алғараз, хоҳам, ин ки дар олам
Ҳукмронӣ кунам худам танҳо,
Лек онҳо чу кӯҳи хорое
Садди роҳи мананд, дар ҳар ҷо!
Ҳар гаҳе рӯзгорашон бинам
Мекунад ларза ҷисмаму ҷонам.
Хоҳам онро дигар кунам, … аммо
Оҷизам, кӯтаҳанд дастонам…”
Ман шунидам ба гӯши худ, мистер,
Тӯҳмату ҳасрату фиғонатро,
Ростиаш, хулосаам ин аст,
Ки на танҳо ду дасти ту кӯтоҳ…

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед