Лабаш мебӯсаму дармекашам май

Лабаш мебӯсаму дармекашам май,

Ба оби зиндагонӣ бурдаам пай.

На розаш метавонам гуфт бо кас

На касро метавонам дид бо вай.

Лабаш мебӯсаду хун мехӯрад ҷом,

Рухаш мебӯсаду гул мекунад хай.

Бидех ҷоми маю аз Ҷам макун ёд,

Кӣ медонад, ки Ҷам кай буду Кай кай.

Бизан дар парда чанг, эй моҳи мутриб,

Рагаш бихрош, го бихрӯшам аз вай.

Гул аз хилват ба боғ овард маснад,

Бисоти зӯҳд хамчун ғунча кун тай.

Чу чашмаш  мастро махмур магзор,

Ба ёди лаълаш, эй сокӣ, бидеҳ май!

Наҷӯяд ҷон аз қолиб ҷудоӣ,

Ки бошад хуни ҷомаш дар рагу пай.

Забонатдаркаш, эй Ҳофиз, замоне,

Ҳадиси безабонон бишнав аз най!

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед