Лаҳзаҳое
Лаҳзаҳое, ки ғазал мегӯям,
Оҳ аз дасти аҷал мегӯям.
Мисраеро, ки бигӯям хомӯш,
Радди ҳар шӯру мағал мегӯям.
Байти абрешимии нармеро
Посухи макру дағал мегӯям.
Аз азал рафта, ки ман гӯям дод,
Дод аз нақши азал мегӯям.
Ин ҷаҳон пур зи касалмандон аст,
Дарди ҳар ҷони касал мегӯям.
Зиндагӣ чун ҳама заҳру асал аст,
Заҳрро хурда, асал мегӯям…
18.12.1983
Шарҳи худро нависед