БА ХАЛҚИ ЛАТИШ
Ҳаст байни мардуми Эрони ман
Одати халқӣ зи даврони куҳан:
Гар ки дар як хонавода ҷашн ҳаст,
Ҳамҷиворон, чӣ ғанӣ, чӣ тангдаст,
Ҳар касе дар суфра чизе мениҳад,
Ҳисси якрангӣ намоиш медиҳад.
Мезбон гардад зи нони бенаво.
Шод, чун аз ҳадяҳои ағниё.
Ваҳ, чи хуш гуфтаст андар маснавӣ
Ин ҳадиси пурбаҳоро мавлавӣ:
«Ҳадяҳою армуғону пешкаш
Шуд далели он ки ҳастам бо ту хваш»
Дил биҷӯшад к-андарин рӯзи саид
Бошад андар хонаи латиш ид.
Ҷашни пирӯзист дар ин сарзамин,
Фатҳи беҳамтои афкори Ленин
Ёрию ҷонбозии руси далер
Дод бар латиш ин фатҳи кабир,-
Фатҳи озодӣ бар урдӯи ситам,
Фатҳи шодӣ бар сипоҳи дарду ғам,
Фатҳи лочаплесисе ба рисари сиёҳ,
Фатҳи инсонӣ ба деви кинахоҳ,
Фатҳи нерӯи хирад бар ҷаҳли паст,
Фатҳи шӯроӣ ба фашистони маст.
Аҳли санъат, аҳли илму аҳли завқ,
Дар чунин рӯзи саодат, пур зи шавқ,
Хоне аз илму адаб густурдаанд,
Неъмати вофир дар он овардаанд.
Ман, ба расми миллати маҳбуби хеш,
Хоҳам он ҷо ҳадяе орам ба пеш.
Чун тиҳӣ дастам ман аз илму фунун,
Лоҷарам бо чанг байти худ кунун
Нони хушке андар ин хон мениҳам, —
Ҳисси якрангӣ намоиш медиҳам.
Ман аз ин шодам ки дар рӯзе чунин
Роҳам афтода бар ин зебозамин.
Чун ман аслан ошиқи озодиам,-
Ҳамчу латишон қарини шодиам.
Шодиам з-он аст к он шаб рӯз шуд,
Адл бар зидди ситам пирӯз шуд.
Шод бош, эй халқи латвӣ, шод бош!
То ҷаҳон боқист ту озод бош!
Қодиру донишвару бебок бош,
Бар ҳазар аз душмани нопок бош!
То дубора душмани зиштипараст,
Тозиёна сахт биргирифта ба даст,
Ҳалқа бар даври арӯсат баста танг,
Менарақсонандаш андар рӯи санг.
Ҳадяе лоиқ надорам ман кунун,
Кун қабул инро зи рӯи лутф, чун:
«Ҳадяҳову армуғону пешкаш,
Шуд далели он ки ҳастам бо ту хваш»
1945.
Муаллиф: Абулқосими Лоҳутӣ