КУЛОҲ ВА АСАЛ

lio

Писарам Гев, ба синни даҳ сол,

Рӯзе аз мактаб омад хушҳол.

Бо худ оварда буд ӯ як дафтар,

Номаш «Афсонаи халқи Ховар».

Хандае карду ба ман гуфт: «Бубин,

Чи матале дар ҳақи бугзаштаи Чин!

Ҳокиме аҳмақ, чун Ли У-О,

Буда ё ҳаст магар дар дунё?»

Баҳри тавзеҳ бароям пас аз он

Қиссае хонд ба номи «Борон».

Қисса ин буд ки басе пеш аз ин

Ли У-О ном шаҳе буд дар Чин.

Лақаби шоҳи Хито буд фағфур,

Рӯи ӯ аз назари мардум дур.

Байни даҳ қалъа, як андар дигар,

Бо ҳарам пинҳон мебурд ба сар.

Якзамон шоҳи Хито бо мехмон

Буд биншаста ба шоҳи-айвон,

Бар сараш чатри зару сақфи заррин,

З-осмон сел равон буд ба замин.

Буд мехмони вай аз кишвари дур.

Гуфт мағрур ба меҳмон фағрур:

«Аз чӣ сокит шудӣ андар барии мо?

Дар чӣ фикри ту? Бигӯ бепарво».

Гуфт: «Шодӣ ту к-аз ин боронат

Мекунад ҳифз баланд-айвонат,

Бехабар з-ин ки дар ин вақт, эй шоҳ,

Ними халқи ту надорад кулоҳ».

Шоҳ ошуфта шуд аз гуфтаи мард;

Бо вазирон ба илоҷи он дард

Машварат карду бидод ин фармон

Ки: «Бибурранд сар аз бекулаҳон,

То ки дар мамлакати Чин дигар

Бекулаҳ чашм набинад як сар».

Мо ба ин сон маталак хандидем,

Лек бигзашт се солу дидем

Ки бувад, ростӣ, андар дунё

Ҳукмронҳое чун Ли У-О.

Донишомӯзе дар Туркзамин,

Номи ӯ Маҳмуд, бинвишт чунин,

Ки: «Бувад барзгар онҷо мазлум,

Аз ҳама неъмати дунё маҳрум.

Дар ҳама ноҳияи ӯ, ба масал;

Як нафар нест ки дидаст асал.

Асал онсӯй бимонад. Деҳкон

Моҳҳо мегузаронад бе нон.

Аҳли деҳ мавсими дай, бе ҳезум

Мекунад гармии сиҳатро гумм.

Дар фаровон деҳа як доктор нест

Бо вуҷуде ки пур аз беморист…»

Бишуд аз гуфтаи Маҳмуд аён

Ранҷу бадбахтию фақри деҳқон.

Вазъи Туркия аз он ифшо гашт,

Расми бедод аз он расво гашт.

Мунтазир буд ҷаҳон то шунавад

Хабари чораи он ҳолати бад.

Лек аз онҷо хабаре тоза расид

Ки ҷаҳон кард пур аз гуфтушунид.

Хабар он буд, ки намуд ин айём

Давлати Турк сипоҳе эъзом,

То ба куштор намояд ташрик

Зидди халқи Корей баҳри Амрик.

Хабари нашри китоби Маҳмуд,

Розҳое ки муаллиф бикушуд,

Баъди лашкаркашии ин сон нангин

Ёдам оварданд он қиссаи Чин.

Эй ба тан карда либоси аскар,

Зореи бехабару фармонбар!

Чӣ гунаҳ кардаӣ он гуна калон

Эй ситамкаш, ки туро дар сари он

Мефиристанд ба майдони Корей,

Зери чанголи ҳужаброни Корей?

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед