Лоиқ видоат карду рафз
Он лаъли дилхунро бигӯ, Лоиқ видоат карду рафт,
Он ёри маҳзунро бигӯ, Лоиқ видоат карду рафт.
Қолиб тиҳй созам агар зору ҳазин, ҷони падар,
Рав. беди маҷнунро бигӯ, Лоиқ видоат карду рафт.
Дар рӯи тобутам агар гулбаргафшони кунанд,
Он шохи гулбунро бигӯ. Лоиқ видоат карду рафт.
Ду дида Ҷайҳун доштам аз марги армонҳои халқ,
Рав, оби Ҷайҳунро бигӯ, Лоиқ видоат карду рафт
Озори дунё дар дилам аз реги ҳомун беш буд,
Он реғи ҳомунро бигӯ, Лоиқ видоат карду рафт
Дил додаам, дил бурдаам, ҷоми паёпай хурдаам,
Он ҷоми ворунро бигӯ, Лоиқ видоат карду рафз.
Ин дафтари шеъру ғазал чун ман намирад аз аҷал,
Рав, чархи гардунро бигӯ, Лоиқ видоат карлу рафт.
1995
Шарҳи худро нависед