Лоиқ Шералӣ

Ту гар чашмисаре дорӣ, маро чашми диле боз аст,
Ту зери лаб сухан гӯӣ, маро то арш овоз аст.
Чу мурғи хонагӣ аз бом то боме кушоӣ бол,
Ту андар худ фурӯмонда, маро шаҳболи шаҳбоз аст.
Ту бо тарсуӣ мегӯӣ каломи нӯкирӯмолӣ,
Туро сад нафси норозӣ, маро як хома дамсоз аст.
Туро бошад ғами фарде, маро бошад ғами фардо,
Туро ҳар рӯз анҷоме, маро ҳар лаҳза оғоз аст.
Ту дунёро намедонӣ, дили моро намехонӣ,
Намедонӣ, ки шӯҳрат ҳам чу ёрони ғалатбоз аст.
Чу аз минбар фурӯ афтӣ, пару болат фурӯ резад,
Маро ҳамболу ҳампарвоз халқи соҳибэъҷоз аст.
Шавқи ман паҳлу ба ахтар мезанад,
Рӯҳи ман дар кӯи ту пар мезанад.
Шеъри ман ҳар субҳ пеш аз офтоб
Бо хаёлат ҳалқа бар дар мезанад.
Нимпайғоме зи ту гар бишнавам,
Ишқи ман лофи паямбар мезанад.
Бинамат ҳар гаҳ миёни хонумон,
Хонумонам хок бар сар мезанад.
Зери борон бигзарӣ, наззораам
Бӯсаҳо бар кокули тар мезанад.
Интизори чашми мастат рӯзу шаб
Лоиқи ту ҷому соғар мезанад.
24.2.1978



Шарҳи худро нависед