Лоиқ Шералӣ, шеърҳои ошиқӣ
Ман хушомад мезанам бар қуллаҳо,
Мекунам таъзим пеши пояшон.
То шавам монанди онҳо сарфароз,
То бароям бар баландиҳояшон.
То чу онҳо ҳар саҳар хуршедро
Саркашу мағрур гирам пешвоз.
Тез бошам мисли теғи қуллаҳо,
Мисли ҳар як теға бошам бениёз.
То гурезам дур аз харсангҳо,
То шавам наздиктар бар офтоб…
Ошиқоне баланд мегӯянд:
«Ҷону дил сарфи нозҳои Шумо.
Ҷону дил чист? Андар ин дунё
Буду нобуди мо фидои Шумо».
Лофи бисёр, ваъда бебаркаш,
Аз ҳавою ҳавас ҷавонмарданд.
Дар раҳи ишқ чун ғаве бинанд,
Аз раҳи аҳди хеш мегарданд!
Гушнамастанду дилтиҳӣ бархе,
Ишқро зочабозӣ медонанд,
Нимҷоневу толиби ҷонон,
Ҷонфишоневу лек беҷонанд…
Дар назар гарчи рост мегӯянд,
Лек андар замир каҷбозанд.
Борашон чун расид бар манзил,
Ёди ёрони раҳ намесозанд.
Мекашанд оҳ, мекунанд афғон,
«Бе туям зиндагист гӯристон…»
Бингарӣ боз зинда мегарданд,
Кас надонад, ки чист ин чистон…
«Чун ту ёри дигар куҷо ёбам!» –
Номаҳои бадарди тӯлонӣ…
Бингарӣ хуб, ёри дигар ёфт,
Ҳам варо гуфт: «Беҳтар аз ҷонӣ…»
Ростӣ, ҳар кӣ «сӯхтам» гӯяд,
Чун накӯ бингаред, бедард аст.
Ҳар кӣ фарёд мезанад «Ман – мард!»
Рӯзи майдон заифу номард аст.
Ошиқиҳои аҳди мост аҷиб –
Меҳрубонию лутф арзонист.
Ҳар қадар лофи ошиқӣ бизанем,
Дар дили мо ҷунуни Маҷнун нест.
Ишқ гарчи зи бозӣ оғозад,
Охири ӯ ҳамеша ҷонбозист.
Аз ҳама бурду бохтҳои ишқ
Ошиқ он аст, ки зи дил розист.
Ошиқему валек сад афсӯс
Дар фани ишқ ҷумла ҳайронем.
Маънии бешумор дорад ишқ,
Асли маънишро намедонем…
1973
Муаллиф: Лоиқ Шералӣ