Лоиқо
Лоиқо сузиши қалбат шабаҳи сузи ҷигар нест,
Чун дафтари ашъори ту дар даҳр гуҳар нест.
Он лаззати ширин, ки ашъори ту дорад
Дар канду наботу асалу шаҳду шакар нест.
Бо он шакари меҳр, ки бар назм ту доди,
Пурнур дар олам ба чуз шамсу камар нест.
Бо он ҳама заҳмат, ки ту дар назм кашиди,
Валло ки дигар бехтар аз ин бору самар нест.
Ту рафти аз ин олами фони ба сад афсус,
Дар дахр чунин шоири хушгуй дигар нест.
Падруд бигуфтиву бирафти ту аз он руз
Дар синаи халки ту дигар шуру шарар нест!!!
Шарҳи худро нависед