ЛОЛА БАРОМАД ЗИ БОҒ СУРХУ СЕФЕДУ СИЁҲ
Лола баромад зи боғ сурху сафеду сииёҳ,
Марҳами дил шуд ба доғ сурхум сафеду сиёх.
Бо руху холи зақан субҳ баромад чу меҳр,
Он маҳи чашму чароғ сурху сафеди сиёҳ.
Боз чу товуси маст чатр кашида ба ҳам
Тӯтию қумрию зоғ сурху сафеду сиёҳ.
Дар талаби гул зи кӯҳ омада кабки дарӣ,
Карда зи булбул суроғ сурху сафеду сиёҳ.
Ҳамдами соқӣ шуданд турку араб ба аҷам,
То ки бинӯшад аёғ сурху сефеду сиё.
Хоҷа дурангӣ кун, бо ҳама як ранг бош,
Занг барор аз димоғ сурху сафеду сиёҳ.
Бо маҳи заррринрикоб баҳри савории шоҳ
Омада рахши булоғ сурху сафеду сиёҳ.
Дӯхта хайёти сунъ бар қаду балойи ӯ
Ҷомайи зарбафти чоғ сурху сафеду сиёҳ.
Шарҳи худро нависед