Лолахасак — гул

Лолахасак лола аст,
Зеби дашту ёла аст,
Монанди байракчаҳост,
Рӯйи дасти бачаҳост.

Нозук аст лолахасак,
Ҷабраш макун бедарак:
Якбора барги гулҳош
Пеши ту мехӯрад пош.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед