
Лолазор
Куҷо рафтӣ зи оғӯши тамошо, эй нигори ман?
Нигаҳ фаввораи хун шуд ба чашми интизори ман!
Ба ҳолам ҳар кӣ андозад назар, хомӯш мегардад,
Ба санги сурма паҳлу мезанад санги мазори ман.
Ба рақс овард, чун Фарҳоду Маҷнун кӯҳу саҳроро
Гули дори ҷунуни ман, насими лолазори ман.
Чӣ рӯйи оташин аст он, чӣ кади шуълахез аст ин?
Шарори хирмани барқи ман, оғушу канори ман!
Лаби лаълат, сари кӯят, хати сунбул харидорат,
Шароби бехумори ман, биҳишти ман, баҳори ман!
Туӣ дармони дарди ман, табиби Сайидои ман,
Матои хонумони ман, чароғи рӯзгори ман.
Шарҳи худро нависед