Лутфи хомуш

Хабар мегӯяд аз рози дарун лабҳои хомӯшам,
Занад паҳлу ба рӯйи ҳалқаи дар ҳалқаи гӯшам.
Шудам пайрав намеояд бурун гаҳвора аз ёдам,
Қадам дар мулки ҳастӣ то ниҳодам хонабардӯшам.
Қаландармашрабам, бо аҳли дунё рӯ намеорам,
Гаҳе чун ойина урёнаму гоҳе намадпӯшам…
Шукуфтан рафтааст, эй Сайидо, умрест аз ёдам,
Сухан бисёр дорам бар лабу чун ғунча хомӯшам.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед