МАБАР АЗ ЁД, ЭЙ ВАТАНПАРВАР!

Ҷанг ҳаргиз набуд хоҳиши мо,
Аҳду паймони хеш нашкастем.
Ҷангҷӯ даргиронд оташу мо
То насӯзад ҷаҳон, камар бастем.
Меҳри модар-Ватан сипар карда,
Мо ҳама зидди ҷанг ҷангидем.
Ҷанг кардем, ҷанги мардона,
На чу бабру паланг ҷангидем,
Мақсади мо набуд хунрезӣ,
То нарезад хун, биҷангидем,
Баҳри фардои халқҳо бишавад.
Ҷангҷӯ сарнагун биҷангидем.
Чашми олам ба орзу, умед
Рӯзу шаб буд сӯи мо нигарон,
Чунки дар дасти маҳками мо буд
Қисмати зиндагии халқи ҷаҳон
Зиндагӣ чист?
Зиндагӣ Ленин,
Ватану Партия, замону замин!
Баҳри халқи ҷаҳони меҳнаткаш
Зиндагӣ бандагист бе Ленин.
Ҷанг кардем ҳамчу шоирҳо,
Хомаҳо – найза, хун сиёҳӣ шуд.
Дар дилу дидаҳои аҳли ҷашон
Бинавиштем корномаи худ.
Бо зафар мо зи ҷанг баргаштем,
Ҳар ҷавоне, ки монд дар майдон,
Монд ҷовид дар канори Ватан,
Дар дили модарону фарзандон…
Мабар аз ёд, эй ватанпарвар,
Гар фано гашт душмани хунмаст,
Лек дунё ҳанӯз ноором,
Хатари ҷанг бартараф нашудаст!

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед