Мачан сангам ба ҳаққи пургуноҳӣ

Бибояд шодмону комрон зист,
Ғанӣ андар канори дилбарон зист.
Чу рӯзат пур шавад аз бахши қисмат
Ба рӯзи дигарон кай метавон зист!?
Гули ман, бе ту дил ғамнок гардад,
Ба чашмам танг ин афлок гардад.
Ту бошӣ, хок гирам, зар шавад, лек
Набошӣ, зар бигирам, хок гардад.
Зи ҳаҷрат пайкарам месӯзад, эй ёр,
Ба гардун ахтарам месӯзад, эй ёр.
Дари дилро кушо бо ман, ки дигар
Ҳама бому дарам месӯзад, эй ёр.
Ман он як раҳгузар будам, ки рафтам,
Ман он марди сафар будам, ки рафтам.
Зи дунёи дили пурорзуят
Ман он як бехабар будам, ки рафтам.
Хуш он рӯзе, ки ҳамҷоми ту бошам,
Хумори чашми бодоми ту бошам.
Нахоҳам номи ҷовидон зи дунё,
Агар гумном аз номи ту бошам.
Чаро ангуштарият бенигин аст?
Чаро чашмони хандонат ҳазин аст?
Магар ишқи дилатро хок хурдаст
Ки доим чашми ту сӯи замин аст?
Маро бар рағми душман офариданд,
На баҳри сайри гулшан офариданд.
Ту донй, мушти хокам баҳри киштан,
На баҳри бод кардан офариданд. 
Гирифти маҳ — гирифти хотири ман,
Шикасти роҳ — садди манзили ман.
Агар дар мисрае як сакта бинам,
Ҳазорон сакта афтад дар дили ман.
Азизон, аз бароям май бирезед,
Ба ҷомам бода пайдарпай бирезед,
Ман он исёнгари ҳадношиносам,
Маро аз нав ба қолаб кай бирезед?!
Дили бедоғ дар дунё наёбӣ,
Сари бедарду бесавдо наёбӣ.
Биёву гавҳари чашми маро бин,
Ки ин гавҳар ту аз дарё наёбӣ.
Шабе дар хоби ман пайдо шав, эй гул,
Дар оғӯшам биёю во шав, эй гул.
Мақоми сармад аз дунё чӣ ҷӯӣ,
Биёву дар дили ман ҷо шав, эй гул.
Раҳи кӯят раҳи такдири ман буд,
Нигоҳат шуълаи даргири ман буд.
Назар кардам ба рӯи кулчаи ту
Тамоми умр чашми сери ман буд.
Гуле ёбӣ, кунӣ бустон фаромӯш,
Ба нафъи ҷон кунӣ ҷонон фаромӯш.
Чу шамъе ёбӣ, эй ношукр, боре,
Ту созӣ аз маҳи тобон фаромӯш.
Баҳорон баргро ранги ҷавонист,
Ба фаслн тирамаҳ ранги хазонист.
Мачан сангам ба ҳаққи пургуноҳӣ,
Гуноҳн ман гуноҳи зиндагонист.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед