МАДҲИЯИ ДИЛ
Ҳалолат бод, эй дил, ҳар замон, эй дил, ҳалолат бод!
Ба чанги ин ҳама дарду ғамон, эй дил, ҳалолат бод!
Замину осмон гӯӣ ду санги осиё бошанд,
Миёни ин ду санги беамон, эй дил, ҳалолат бод!
Хаёлам гардиши хуни ту бошад гардиши гардун,
Ба зери гунбади ҳафт осмон, эй дил, ҳалолаэ бод!
Ба рӯи бори ту сарбор сад кӯҳи гарон монданд,
Кашидӣ бори милён корвон, эй дил, ҳалолат бод!
Таҳаммул кардӣ гарму сардро чун санги кӯҳистон,
Тапидӣ, хун шудӣ рӯзу шабон, эй дил, ҳалолат бод!
Фасурдӣ, сӯхтй, афрӯхтӣ, то хуш даме ёбӣ,
Наёсудй зи дасти дилбарон, эй дил, ҳалолат бод!
Ба ҳаққи он ҳама уммеду армонҳои ширинат
Чашидӣ талху шӯрии замон, эй дил, ҳалолат бод!
Зи милён гардана бо гардани нашкаста бигзаштӣ
Ба ҷои он ҳама гарданкашон, эй дил, ҳалолат бод!
Гаҳе аз ман, гаҳе аз ҷабри ман вораста бигзаштӣ
Зи бархурди касону нокасон, эй дил, ҳалолат бод!
Агар сад бор ҳам бишкастӣ, бишкастӣ ҳароина
Чу дар оина тасвири ҷаҳон, эй дил, ҳалолат бод!
Агарчи хонаатро ҳар нафас вайрона месозанд,
Туӣ аз бекарон то бекарон, эй дил, ҳалолат бод!
Ту заҳматкаштарин аҳли ҷаҳонӣ, аршу фарш аз туст,
Вале беқадрй мисли муфлисон, эй дил, ҳалолат бод!
Ту шӯришгартарин аҳли заминӣ, з-ин сабаб ҳар дам
Шавӣ саркӯб чун шӯришгарон, эй дил, ҳалолат бод!
Тамоми шӯру ишқи зиндагй аз мавҷи хуни туст,
Туӣ дарё, туӣ баҳри дамон, эй дил, ҳалолат бод!
Зи дарёҳо гузаштӣ баски дарёзодае будй,
Алайҳи ҷумла дархудмондагон, эй дил. ҳалолат бод!
Ту ҳам хурдй ғами дунё, ғами дунё туро ҳам хурд
Миёни инчунину ончунон, эй дил, ҳалолат бод!
Агар девона ҳам будй, ҳавасбозй нагардондат
Зи ишқи хонумон бехонумон, эй дил, ҳалолат бод!
Агар дастобадасти гулрухони дилситон рафтӣ,
Сурудӣ нағмаҳои дилситон, эй дил, ҳалолат бод!
Сарамро кардӣ қурбони сарат, эӣ аз сарат гардам
Ба сони ҷумлаи қурбониён. эй дил, ҳалолат бод!
Миёни ин ҳама номеҳрубонию ситамгорӣ
Фишондӣ ҷон ба ёри меҳрубон, эй дил, ҳалолат бод!
Зи ҳусни сабзи ёре бахти сабзат буд, хуш бахте
Миёни сад баҳору сад хазон, эй дил, ҳалолат бод!
Туро сад пора кардам, то бигӯям пораи шеъре
Фишурдам аз ту шеъри хунчакон, эй дил, ҳалолат бод!
Наво шуд, қисса шуд, афсона шуд назми тапишҳоят,
Ғазал шуд ё масал ё достон, эй дил, ҳалолат бод!
Кашӣ то як даме оҳи сабук аз меҳнати дунё,
Бихурдӣ силию мушти гарон, эй дил, ҳалолат бод!
Агарчи ташна мемирӣ, вале аз табъи дарёят
Ҳазорон даст шуд гулошён, эй дил, ҳалолат бод!
Ҳанӯзам хуни ту тунд аст мисли рӯди куҳсорон
Ба шарёнҳои ҷони ман равон, эй дил, ҳалолат бод!
Ба санг омад сарат андар муҳити сахти кӯҳистон
Вале нармӣ ба сони парниён, эй дил, ҳалолат бод!
На оҷизнолӣ кардӣ, на зи худ рафтӣ ба имое
Ба тамйизи ҳама суду зиён, эй дил, ҳалолат бод!
Дар ин дунёи пире, ки кунад пур пирафшонӣ,
Пурӣ аз орзуҳои ҷавон, эй дил, ҳалолат бод!
Намемирӣ дигар ҳаргиз ба зери селаи сад марг,
Намурдӣ гар пас аз Сомониён, эй дил, ҳалолат бод!
Дар ин дунёи ниме нуру ниме тираю зулмат
Агарчи нимае мондӣ, бимон, эй дил, ҳалолат бод!
Ба ҳар ҷо дидагони одамон гар паллабин бошанд,
Ту ҷӯӣ пилае бар ҷовидон, эй дил, ҳалолат бод!
Гурӯҳе ҷон кананд аз баҳри нон, аммо ту бахшӣ ҷон
Барои ифтихори тоҷикон, эй дил, ҳалолат бод!
* * *
Модари хушназарам, ҳар назарам хадяи туст,
Асаре дорам агар, он асарам ҳадяи туст.
Дар фазои абадийят паи парвози дароз
Модари муштипарам, болу парам ҳадяи туст.
Хоксории ту он қадр маро кард баланд,
Ки ҳама қудрати кайҳонгузарам ҳадяи туст.
Дар раҳи ман ҳама дам дидаи тар доштаӣ,
Ки аз он дидаи тар шеъри тарам ҳадяи туст
Ақли ту кӯтаҳ агар 1уфт касе, кӯтаҳӣ кард,
Чун такопӯи раҳи дуртарам ҳадяи туст.
Аҷаб ин аст, ки занро ҳама хонанд заиф.
Бо заифит ҳама карру фарам ҳадяи туст.
Пошикаста ҳама гӯянд зану модарро,
Ман гувоҳам, ки зи по то ба сарам ҳадяи туст.
Офаридӣ ту маро, то зи ҷаҳон баҳра барам,
Баҳра бурдан зи ҳама баҳру барам ҳадяи туст.
Ман ба ҷои туям. эй модари барҷомонда,
Дидаи равшани фардонигарам ҳадяи туст.
1984