МАҒРУР НАЯМ

Эй ғарра ба ин ки даҳр фармонбари туст,
В-ин моҳу ситораву фалак чокари туст.
Тарсам, ки туро чокари худ пиндоранд
Он мурчагон, ки ризқашон пайкари туст!
X. Халилӣ
Ман одамаму ғурур дорам, Лекин—
Мағрур наям, ки даҳр фармонбари ман.
Як ҷаъбаи устухонаму косая хун
Дар сина ниҳон дили умедвори ман.
Муштоқи ҳаётаму сарояндаи ишқ,
Пур аз маи орзу бувад соғари ман.
То зинда манам, талош дорам, ки шавад
Ин Моху Ситораю Фалак чокари ман.
Бигзор, ки чокарам бихонад паси марг
Мӯре, ки шавад рӯзии ӯ пайкари ман.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед