Маҳтоб
Соя аз бетобиям силӣ занад Маҳтобро,
Изтиробам ҷон дарорад куштаи симобро.
Мешавад хасми қавӣ аз чарбу нармӣ зердаст,
Мекунад помоли худ як қатра равған обро.
Бар заифон бештар меояд аз даврон шикаст,
Мавҷ пиндорад гулӯи осиё гирдобро.
Теғи устоди мукаммал бошад аз нуқсон тиҳӣ,
Нест бар шамшери абрӯ даст печутобро.
Зӯри бозуро чӣ нисбат пеши ақли ҳилагар?
Рустам аз табдир зад бар хоку хун Суҳробро.
Неку бадро аз ҳаводисхои даврон чора нест,
Кай тавонад садди раҳ шуд хору хас селобро?
Аз тавозӯъ қиблаи олам тавон шуд, Сайидо,
Мекунад пушти дуто мадди назар меҳробро.
Шарҳи худро нависед