Маҷнун кист?

Чашм то пӯшидаам аз орзуи хештан,
Бастаам чун ғунчаи гул дар ба рӯи хештан.
Дидаам то печутоби косаи гирдобро,
Мебарам холӣ аз ин дарё сабӯйи хештан.
Сар ба саҳро мезанам, то ёбам аз Маҷнун нишон,
Гирдбодам, меравам дар чустуҷӯйи хештан.
Еди умри рафта аз ҳам рехт аъзои маро,
Меравам чун барги гул дунболи бӯйи хештан.
Кардаам чун шамъ аз хомӣ сари худро сафед,
З-ин надомат мезанам оташ ба мӯйи хештан.
Ҷуғзаму вайронаам бошад ҳисори офият,
Пой нагзорам дигар берун зи кӯйи хештан.
Меравам дар хонаи оина бар дафъи малол,
Менишинам бетакаллуф рӯ ба рӯйи хештан.
Рӯзу шаб танпарварон саргаштаи нафси худанд,
Осиё бошад гирифтори гулӯи хештан.
Ҳомии оташзабони дасти худро, Сайидо,
Мекашам чун мил дар чашми адуи хештан.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед