БАЁНИ МАКРУҲОТИ РӮЗА
Магасу паша дар гулӯ чу парид,
Нест нуқсони рӯзаи ту падид.
Гар касе раг заду ҳиҷомат кард,
Менашояд варо маломат кард.
В-ар кунӣ масҳи руғану сурма.
Бар сару чашм нестат ҷурма,
Намаку сирко дар даҳон бичашид,
Рӯза боқист гар фурӯ накашид.
Нон ки аз баҳри тифл мехоянд,
Уламо андар ин чӣ фармоянд?
Гар зарурат бувад, раво бошад,
Бе зарурат чунин хато бошад.
Рӯза боқӣ бувад, вале макрӯҳ,
В-аз кароҳат мабош бе андӯҳ.
Ба фаромӯшӣ ар кунию хӯрӣ,
Ҳаст ҳарду туро ҳанию марӣ.
В-ар ба қасд аст хӯрдану корат.
Лозим ояд қазову кафорат.
В-ар хӯрӣ он чи ӯ ғизо набувад,
Бар ту лозим ба ҷуз қазо набувад.
Дар татаввӯъ агар шурӯъ кунӣ,
Пас руҷӯъ аз барои ҷӯъ кунӣ.
Ҳамчу сангу кулуху оҳану рӯй,
Набувад зин қабил гили саршӯй.
Муаллиф: Чаҳор Китоб (Чоркитоб 4)