Мактаб
Аз файзи Яздон хон аст мактаб,
Бар лаъли ирфон кон аст мактаб.
Бе ҷон ҷасадро қадре набошад,
Ҷисм аст, инсон ҷон аст мактаб.
Аз мактаб ояд осоиши дил,
Марғуби дилҳо з-он аст мактаб.
Бемактаборо набват ҳаёте,
Об аст мактаб, нон аст мактаб.
Саодат аст мактаб, хайр аст мактаб.
Иззат аст мактаб, шон аст мактаб.
Дар чашми биниш нур аст дониш,
Дар ҷисми дониш ҷон аст мактаб.
Бар моҳии ҷон об аст ирфон,
Бар мурғи ирфон дон аст мактаб.
Шарҳи худро нависед