МАКТУБ БА МОДАР
Зиндаӣ то ба ҳанӯз, эй кампир?
Ман дуогӯи сари сахти туям.
Дар ҳама рӯи ҷаҳони дилгир
Ҷуз хаёли ту надорам ҳамдам.
Хабар омад, ки ту бо дидаи чор
Аз дари кулбаякат дар хуфтан
Мебароӣ ба сари раҳ ночор,
Куртаи куҳнаи рустоӣ ба тан.
Сари ҳар шом яке фикри сиёҳ
Мекунад реш дилатро модар, —
Задааст аз камари ман гӯё
Дар тарабхона касе бо ханҷар.
Гарчи андӯҳи ҷудоист гарон
Чӣ кунӣ фикру хаёли ношод?
То наоям ба дари хонаамон,
Ман ба осонӣ нахоҳам ҷон дод.
Ҳаст чун рӯи баҳорон шодоб
То кунун рӯи мани зору низор.
Мекунам ёд ба бедорию хоб
Қиссагӯии туро кӯдаквор.
Як шабе чашми кабудам пурнам,
Ба қадамгоҳи ту мемонам сар…
Макун аз хоб дигар бедорам
Ҳамчу пешина ба ҳангоми саҳар.
Ки надорам ҳаваси ризқи ҳазор,
Лабам аз неъмати олам сер аст.
Аз ҳама буду набудам безор,
Дилам аз зиндагӣ барвақт шикаст.
Ба намози саҳарам амр макун,
Кас ба дӯшина намегардад боз.
Мебарам саҷда шабу рӯз акнун
Ба дару боми ту аз рӯи ниёз.
Пас аз ин об макун аз ғами ман
Дилу ҷону ҷигаратро модар.
Куртаи куҳнаи рустоӣ ба тан
Набаро бар сари раҳ бори дигар.
Шоири Рус (Есенин) 1977
Муаллиф: Есенин