Ман
Ман бода хурам, пеши рухи сода хурам,
Бо дилбари симсоқи озода хурам.
Чун зиндагӣ сар ба сар фиреб асту ғиром,
Ман ҷои фиреби зиндагӣ бода хурам.
Дарёдиламу ташналабе пайдо нест,
Шуд об дилам, зи соҳиле парво нест.
Эй ёр, наоӣ кӯза дар сар бари об,
Як рӯз биёӣ, ки дигар дарё нест.
Дарё, дарё! Чу ман шитобон дарё,
Ҳамчун дили ман ҷамъу парешон дарё.
Чун ошиқи гапношунави савдоӣ
Аз хонаи хештан гурезон дарё…
Эй Шарқ, ту ибтидои хатту қаламӣ,
Дарвозаи офтоби зарриналамӣ.
Албурз! Ту ё қойимаи Фирдавсӣ,
Ё минбари шеъру шоирони Аҷамӣ.
Эй кӯҳ, барои санги ту ҷон додем,
Садҳо сари нозанин ба қурбон додем.
Аз баҳри ту, эй замини меросии Шарқ,
Мо умри азизи худ гаравгон додем.
Таърих ба ҷустуҷӯй то раҳ омӯхт,
Сад нахли қаде буриду гулхан афрӯхт.
Дар оташи кӯрдуди соли сиюҳафт
Донед магар, китоби Айнӣ ҳам сӯхт?!
Дарё, дарё! Ту мисли моӣ, дарё!
Бо модари хеш бевафоӣ, дарё!
Худ зодаи чашмаю гурезон аз ӯ,
Худ зодаи кӯҳу з-ӯ ҷудоӣ, дарё!
Бар кӯи мурод чун барам роҳамро,
Бори дилу сарбории ҳамроҳамро?
Охир ба чӣ ҷодуӣ баробар созам
Ғамҳои дарозу умри кӯтоҳамро?!
Ҳар субҳ зи нав ман ба ҷаҳон меоям,
Навошиқу навхату ҷавон меоям.
Ҳар шаб зи ҷаҳон чу одаме даргузарад,