Ман аз неши забони худ битарсам

Зи хоку санг бас оина созанд,
Зи неши мор бас нӯшина созанд.
Агар бӯзина одам шуд, бубинед
Зи нав аз одамй бӯзина созанд.
Ҳама кори ҷаҳон андар ҳисоб аст,
Савол ин ҷосту ҷое ҷавоб аст.
Нахуст аз бозупечи гоҳвора
Бидонистам, насибам печутоб аст.
Биё, то кокулонатро шуморам,
Ҷаҳонро бо ту гирам дар канорам.
Ту бад сангиндилӣ, эй кошу эй кош
Шавад санги дилат санги мазорам.
Гули ман, иди наврӯзат муборак,
Чунин ҷашни дилафрӯзат муборак.
Маро наврӯз бе ту куҳнарӯз аст,
Чу ман ёри бадомӯзат муборак!
Даме бо ту сурудам, зиндагӣ буд,
Ба ту дилро кушудам, зиндагӣ буд.
Дар ин дунёи ду-серӯза, эй гул,
Шабе гар бо ту будам, зиндагӣ буд.
Нишин, эй раҳгузар, баргӯй розе
Зи ёди манзилу роҳи дарозе.
Басо рафтанд аз ин раҳ раҳгузарҳо
Ба дӯши хештан бори ниезе.
Чй гум кардй, чӣ меҷӯй, гули ман
Дигарбора намерӯй, гули ман
Ҳама доғе ки дар ҷил дорй аз ишқ.
Ба ашк акнун намсшӯй, гули ман.
Китобамро ба хилват хондаӣ ту,
Диламро дар барат биншондаӣ ту.
Фиғон аз кӯрии чашми муҳаббат,
Чу доғе дар дили ман мондаӣ ту.
Ба тан пироҳани ҷуллу фасурда,
Тамоми меваҳошон чида бурда.
Хазон мерезад аз шохи дарахтон
Чу гунҷишкони ногаҳ тирхурда.
Видоъ, эй номаи наспурдаи ман,
Видоъ, эй пайраҳи наспардаи ман,
Видоъ, эй рӯзи беҳуда гузашта —
Видоъ, эй кӯдакони мурдаи ман!
Маро бетобу бетаб н-офариданд,
Хамӯши муҳрбарлаб н-офариданд.
Нахоҳам зиндагии қолабиро,
Маро зеро ба қолаб н-офариданд.
Ман аз роҳи ниҳони худ битарсам-
Ман аз умри ҷавони худ битарсам.
Надорам боки неши те1 и нокас,
Ман аз неши забони худ битарсам.
Раҳи осон напаймояд дили ман,
Дар осоиш наёсояд дили ман.
Наҷӯяд хотири афсурдаеро,
Агар худро нафарсояд дили ман.
Қудумат нек бод, эй тифли навзод,
Ба рӯи олами вайрону обод.
Ба гардун ахтары бошад-набошад,
Ба мардум ахтари бахтат аён бод’

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед