Ман аз он ёри ҳарҷой гурезам

Чу мушти обу гит ецам кунй, бас
Чу ишкат ҷонгусил ёдам кунй. бас.
Ба сад дил дӯстат медошкам ман.
Агар бо ними дил ёдам кунй, бас
Басо псшу паси дунё навардид.
Ьасо гирди сари дунё бичархид.
Зи сад дарё баромад ху шк Лоик.
Ба дарён дили ту ғарк ғардид.
Ьакоро бебако созад ҷудой,
Худоро бехудо созад ҷудой.
Мабод он дам, мабод он дам, ки як дам
Туро аз ман ҷудо созад ҷудой.
Ба имое гу имонам гирифтй,
Гуле додй, гулистонам гирифтй.
Бисӯзад решаи ҷони ҷавонат,
Ки «ҷонам» гуфгию ҷонам гирифтй.
Ғ аму андӯхи ман бӯи ту дорад,
Дили ман мӯя аз мӯи ту дорад.
Ғами худ афканам бар мавҷи дарё,
Ки дарё мавҷи гесӯи ту дорад
Ҳар он чй ншк донад, мо надонем,
Ғаме хам гар дихад, мо шодмонем
Паямбарро кушад чашмони нилй,
Чи ҷои мо, ки як озурдаҷонем.
Туро дарё ба дарё бурдаам ман,
Туро дунё ба дунё бурдаам ман.
Ба зохир фарлм бефардостам лек
Туро то мулки фардо бурдаам ман.
Гурӯҳеро ба ҷоме мешиносанд.
Гурӯхеро ба боме мешиносанд,
Гурӯҳсро ба доме мешиносанд,
Гурӯҳеро ба номе мешиносанд.
Дили ту бо дили ман сӯхтан дошт,
Русуми ошиқӣ омӯхтан дошт.
Даруни зулмати қисмат ба ҳар ранг
Дили ту бо дилам афрӯхтан дошт.
Ниҳоли ошиқон пайванди ишқ аст,
Камоли ошиқон савганди ишқ аст.
Заволи ошиқон ҳаргиз аҷал нест.
Заволи ошиқон аз фанди ишқ аст.
Хурам аз ишқи ту, то зиндагӣ ҳаст
Гами пайваста, эй абрӯи пайваст
Диламро, эй басо бишкастӣ. аммо
Хуморат дар дили бишкаста нашкаст.
Сари зулфат сари улфат надорад,
Хами зулфат ба ҷуз кулфат надорад.
Ман аз он ёри ҳарҷой гурезам,
Ки исме дораду исмат надорад.
Зи ишқат гар сафо ояд, чи хубе.
Муроди ҷони мо ояд, чи хубе.
Зи гссӯят ба ҷуз атри фарангӣ
Агар бӯи вафо ояд, чи хубе.
Касе. ки нанги миллат дорад, эй дӯст.
Ба сина доги знллат дорад. эй дуст
Ту баҳри давпат аз миллат машӯ дасг
Кн давлат баъди дав лат дорад, эй дӯст.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед