Ман дар дили дӯстон баҳор овардам

Ёрони ҷавониям, куҷоец, куҷо?
Ин қадр зи ҳам дур чароед, чаро?
Аввал ҳама ҷамъ мисли дарё будем,
Имрӯз чу шохоба ҷудоец, ҷудо.
Ҳамбистари ёру ёри дигар дорем,
Аз бӯи дигар димоғ хуштар дорем.
Аз дарди фишори умр дар синаи мо
Дил нест, вале умеди дилбар дорем.
Имрӯз ба хок мурдае биспурдем,
Гӯӣ ки дар он дақиқа мо ҳам мурдем.
Як санг ниҳода бар сари марқади ӯ,
Некиву бадии хешро бишмурдем.
Ҳар кас, ки на хештаншиносе бошад,
Бо модари хеш носипосе бошад.
Имрӯзаи мост зодаи дирӯза,
Субҳонаи мо зи нони посӣ бошад.
Дарёи дилам бурун зи соҳил рафтаст,
Ёре, ки зи дида рафт, аз дил рафтаст,
Умре, ки бирафт дар суроғи раҳи умр,
Оё ба кадом роҳу манзил рафтаст?!
Умрам ба ҳазор кӯю барзан бигузашт,
Бо тирашабону рӯзи равшан бигузашт.
Аз дасти дилам умри сарам кӯтаҳ шуд,
Аз ман бигузашт, ҳар чӣ бар ман бигузашт.
Домоду арӯс ҷон ба ҷонанд имшаб,
Дар даҳр фақат ду кас ҷавонанд имшаб.
Гар зиндагӣ қасди дурии онҳо дошт,
Аз зиндагӣ касди худ ситонанл имшаб.
Ҳар роҳ барои дидани дунёест,
Ҳар чашм даре ба олами зебоест.
Ҳар субҳи нав аст рӯнамои хуршед,
Ҳар рӯз дари кушодаи фардоест.
Дунё, ки ҳазор хилаву сӯз кунад,
Моро ба фиреб дастомӯз кунад.
Гар кӯзаи пуштро кунад гӯр дуруст,
Ӯ қомати сарви ҳамаро кӯз кунад.
Гар марди ҳунар писанди даврон гардад,
Омоҷи ҳасуду кинадорон гардад.
Шохе ки пур аз бор бувад, ё шиканад,
Ё хом галоши раҳгузорон гардад.
Онҳо, ки фақат гирди сари хум гаштанд,
Жӯлида ба хок, радди мардум гаштанд.
Он умр, ки гум шудаст дар мастиҳо,
Он қадр биҷустанд, ки худ гум гаштанд.
Ман омадаам паи ҷаҳонафрӯзӣ,
Аммо накунад ҷаҳон ба ман дилсӯзӣ.
Ман сабзаи парвардаи хуршедам, лек
Хуршед маро боз бисӯзад рӯзе.
Ин дам, ки насиби мост, дар фардо нест,
Ин дам гузарон. валек фардо шуданист.
Чун об ба ҳар ҷӯй набояд рафтан.
Борс ба муроди хештан бояд зист!
Ман дар дили дӯстон баҳор овардам,
Ман дар дили ошиқон хумор овардам.
Аз гумшу дагони ишқ дар дашти фироқ
Пайғому дуруду ёдгор овардам.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед