Ман конун аз шароб метарсам

Набуд гар хонаи чашми ту, ман бехона мемурдам,
Агар бегонадил мебудӣ, ман бегона мемурдам.
Лаб ишқат намеомӯхт расми дардмандиям,
Яқин беҷарду доғи ишқ бедардона мемурдам.
Агар ишқат намеварзид рӯҳи родмардиям,
Ба користони мардафкан чи номардона мемурдам.
Агар дар гарданам занҷири гесӯят намебастӣ,
Кӣ медонад, куҷое пой дар завлона мемурдам.
Агар афсонаи ишқат намепарвард ҳақҷӯӣ,
Дар ин дунёи пурафсона беафсона мемурдам.
Агар байти ду абрӯят набуд, байте намегуфтам,
Агар девони асрорат набуд, девона мемурдам.
/977
♦ ♦ ♦
На зи ранҷу азоб метарсам,
На зи ҳоли хароб метарсам.
Бими тӯфони мавҷҳоям нест,
Аз хаси рӯн об метарсам.
Бо замона ҳисоби ман пок аст,
Аз ду-се каҷҳисоб метарсам.
Аз сиёсат набошадам боке,
Аз сиёсатмаоб метарсам.
Дӯш гар бошитоб мерафтам,
Ин замон аз шитоб метарсам.
Дӯш аз ман шароб метарсид,
Ман кунун аз шароб метарсам 1977

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед