Ман мондаму як дили пур аз дарду алам

Ман омадаам, ки хешро оғозам,
Гах сӯзаму гаҳ созаму гах бигдозам.
Ман омадаам, ки ҷони бечораи хеш
Дар бозии маргу зиндагӣ дарбозам.
Ман масту гаронҷонаму з-ин боке нест,
Чун ҳастии ман қобили идроке нест.
Нопокии ман пок нагардад, зеро
Дар домани хок домани поке нест.
Хомӯш набудаам, агар хомӯшам,
Фарёди ҳама халқ расад бар гӯшам.
Он деги ғамам, ки худ ба худ меҷӯшам,
Хуни дили худ ба ҷои май менӯшам.
Як рӯз зи дасти ғам сияҳпӯшам ман,
Рӯзи дигар аз шодӣ қадаҳнӯшам ман.
Рӯзе ки на ғам монаду на шодии умр,
Аз хотири ду ҷаҳон фаромӯшам ман.
Ман омадаам, табли зафар бинвозам,
Бар кӯру карон шӯр диҳад овозам.
Ту омадай, коҳи куҳан бод кунй,
Ман омадаам, кохи сухан афрозам.
Дар олами фонӣ алами худ дидам,
Аз бешу камаш бешу ками худ дидам,
Гардидаму тардидаму гарцндам, пек
Дар ҳар қадами худ адами худ дидам.
Онон. ки дам аз муҳаббати пок заданд,
Чоки дигарам бар дили садчок заданд.
То пур шавад аз хок ду чашми сари ман,
Дар зиндагй пур ба чашми ман хок заданд.
Ман қудрати дардро намедонистам,
Поёни набардро намедонистам,
Аз сӯзиши ишқ то дилам об нашуд,
Гирйистани мардро намедонистам.
Эй чарх, ба сони худ сарам чархондӣ,
Ҳар вом, ки додӣ, оқибат бистондӣ.
Аввал гу маро тоҷи сари худ хонди,
Охир ту маро ба хоки тар биншондӣ.
Рӯзе ки туро аз ин ҷаҳон бирбоянд,
Дар зери замин туро даре бикшоянд.
Ҳарчанд ки даъвои ту беш аз ман буд,
Аз умри ту як рӯз ба ман н-афзоянд.
Эй ёр, биё, ки хона холӣ бе туст,
Такдири дилам заифнолӣ бе туст.
Ҳарчанд ки паршикастаат хондам гоҳ,
Боз о, ки маро бепаруболӣ бе туст.
Шаҳболи ту боли хастаи мо чӣ кунад?
Гулзори ту хордастаи мо чи кунад?
Бо ҳафт қалам чу хешро ороӣ,
Ин як қалами шикастаи мо чӣ кунад?
Моем, ки аз замона дилгир шудем,
Такдир чунон кард, ки тасхир шудем.
Кардем такодави замонгирӣ, лек
Бо ақли замонгир замингир шудем.
Ман мондаму як дили пур аз дарду алам,
Ман мондаму як коғазу як неши қалам.
Ман бо қаламу қалам ба ман мегӯем:
Эй вой танам, вой сарам. вой дилам!

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед