МАН НАМЕМИРАМ

То нагирам хунбаҳои ҷумлаи қурбониёнро,
То набахшам умри озоде ҳама зиндониёнро,
То наёбам роҳи дилҳои тамоми зиндагонро,
То набардорам ба дӯшам дӯшбори ин замонро,
Ман намемирам,
Ман нахоҳам мурд!
То нашӯям доги дилҳоро ба хуноби дилам,
То наёбам ман зи дунё дурри ноёби дилам,
То накобам субҳро аз чашми бехоби дилам,
То нагӯям достони тозаи боби дилам,
Ман намемирам,
Ман нахоҳам мурд!
То наорояд ҷавониям ҷаҳони пирро.
То набандам бо сурудам пеши роҳи тирро,
То нагирам бо қалам пеши дами шамшерро,
То набинвисам зи нав ман номаи тақдирро.
Ман намемирам,
Ман нахоҳам мурд!
То насозам ҳайкале бар ёдгори модарам,
То нагардам ҳамсари Боми Ҷаҳони кишварам,
То нагардад матлаи умри абад бому дарам,
Нашканад то ташнагии ташнаро шеъри тарам,
Ман намемирам,
Ман нахоҳам мурд!
То даме, ки офтоб аз Шарқ бинмояд тулӯъ,
То даме, ки рӯдҳо аз кӯҳсор ояд фурӯ,
То даме, ки зиндагӣ бошад ба роҳи орзу,
То даме, ки шеъри Ҳофиз бошаду ҷому сабӯ,
Ман намемирам,
Ман нахоҳам мурд!
То надонам ки пас аз ман хонда шеърамро касе
Хоб мебинад маро, мепурсад ин овоз кист?
То надонам зиндагиро баъди ман раҳ то куҷост,
То надонам соҳиби дунё пас аз ман боз кист,
Ман намемирам,
Ман нахоҳам мурд!
Бо ду чашми нурполо,
Бо ду дасти ризқпаймо,
Бо дили дардошною бо сари пуршӯру савдо,
То қаламро пул насозам дар миёни
соҳили имрӯзу фардо,
Ман нахоҳам мурд оҷиз.
Ман нахоҳам мурд ҳаргиз!
* * *
Ишқи аввал — ғӯраи сармозада,
Норасида мефитад аз шохсор.
Реша гар дар об дорад наҳли умр,
Боз орад бор дар дигар баҳор,
Эй дили шӯридаам, шӯрида бош!
Ман сафар кардам ба мулки шоирӣ,
Кӯлворам ғаӣри ту чизе надошт.
Аз тамоми ганҷҳои кӯҳсор
Ғайри ту санги шарархезе надошт.
Эй дили шӯридаам, шӯрида бош!
Мекунӣ дар синаам гаҳ кӯрдуд,
Гоҳ оташ мезанӣ бар пайкарам.
Бохта худро ба бозиҳои ишқ,
Мекунӣ бозӣ ту гоҳе бо сарам,
Эй дили шӯридаам, шӯрида бош!
Аз биёбони пушаймонӣ гаҳс
Сӯи ёри рафта ово мекунӣ,
Гоҳ бо ҳар чӣ насибат шуд зи умр,
Шукр мегӯӣ, муросо мекунӣ.
Эй дили шӯридаам, шӯрида бош!
Зиндагӣ маҷмӯъаи бешу камист,
Ҳар шабе дар осмон маҳтоб нест.
Ҳусн бошад, дӯст медорад касе,
Сар амон бошад, кулаҳ ноёб нест,
Эй дили шӯридаам, шӯрида бош!
Тунд шав дар ин сипеҳри тундрав,
Шоирию ошиқӣ — девонагист
Ҳар кӣ бикшояд дари бикшодаро
Кори ӯ парвози мурғи хонагист.
Эй дили шӯридаам, шӯрида бош!
Боз мо нӯшем бояд ҷомҳо,
Боз афрӯзем бояд шомхо.
Бар ҳазорон кӯдаки навзодае
Боз бигзорем бояд номҳо
Эй дили шӯридаам, шӯрида бош!
Шӯрида бош!
1970
♦ * ♦
Нарафт ӯ як қадам берун зи Шероз,
Ҷаҳон аз баҳри ӯ Шероз буда.
Канори оби Рукнобод умре
Варо ҷои ниёзу ноз буда.
Басо аз тангии Аллоҳу Акбар
Накӯгар дид паҳнои ҷаҳонро.
Чу сайёҳе ҷаҳонро дарнавашт ӯ
Фақат аз тарфи гулгашти Мусалло.
Басо дар оби Рукнобод рӯ шуст,
Ки ёбад обрӯи ҷовидона,
Ки бошад шеър чун ойинаи об,
Чу дарё лаб занад шеъру тарона.
Басо биншаст ӯ андар лаби ҷӯ,
Ки нахли шеър бошад реша дар об,
Ки шеъоаш доимо тар бошаду саоз
Ба мисли сабзаҳои тарру шодоб.
Басо биншаст бо ёре лаби кишт,
Ки пошад дар ҷаҳон тухми суханро.
Кунад ёде зи кишту ҳосили умр
Дар дунё, дар ин дунёи зебо.
Лаби кишту лаби обу дами хуш,
Лаби ҷому лаби ёри гуландом —
Ҳамин будаст нақди зиндагонӣ
Варо аз ин ҷаҳони бесаранҷом.
Нарафт ӯ як қадам берун зи Шероз,
Вале олам ба Шероз ояд имрӯз.
Тавофи хоки поки Ҳофизи ринд
Ҳама одам ба Шероз ояд имрӯз.
1970
* * *
Рӯзҳо мегузаранд,
Рӯзҳо аз сари мо,
Аз дили мо мегузаранд,
Хабари лаҳзаи дидору ҷудоӣ бар лаб,
Аз раҳи манзили мо мегузаранд.
Ба назар
Мо ҳама бояст, ки ҳар рӯз зи умр
Сабақе бардорем.
Бояд аз рӯз ба рӯз
Асаре бигзорем.
Бояд аз рӯз ба рӯз
Боз ҳам бихраду солор шавем.
Бояд аз рӯзи наве
Боз гирем ба дил сози наву сӯзи наве,
На чу дирӯза ба як қоида такрор шавем.
Лек тадбир куҷост?
Гарчи дирӯз ба сад саҳву хатое бигузашт,
Рӯзи дигар ба дигар саҳву хато мегузарад.
Чун батаҳқиқ ту бар хилқати одам нигарӣ,
Ростй ин ҳама аз кӯтаҳии ақли расо мегузарад.
Аҷабо,
Вақтро мегузаронем, ки барҷо бошем,
Вақтро мегузаронем, ки аз вақт бурун
Бехалал аз ҳама савдо бошем.
То надонем ки бо вақт ба ҳам мегузарем.
Аҷаб аст, ин аҷаб аст!
Гоҳ мо бо ҳама донодилию доной
Рӯзро кӯр кунем,
То надонем, ки ин оқибати кӯрдилист,
Худфиребист ва ё ҳеҷ кам аз худкушӣ нест!
Хоҳам имрӯз ба парвозгаҳи вақту фазо
Муддате бол кушоем, ки парвоз кунем.
Ҳар дари боз бубинем, ба кас бинмоем,
Ҳар дари баста бубинем, ба кас боз кунем.
Хоҳам, имрӯз, ки бояд донист,
Вақти бекорӣ чӣ мебояд кард?
Вақти бекорӣ бипурсем зи худ, то чӣ касем.
Гар расидем ба хуршеду ба маҳтоб, чӣ хуш,
Вақти он аст, ки бо худ бирасем!
Вакти он аст, ки эй аҳли чазар,
Вақти худро биситонем аз вақт.
Вақти он аст, ки эй ахди ҳунар,
Қадри худро гузаронем аз вақт…
… Рӯзҳо мегузаранд.
Рӯзҳо аз сари мо,
Аз дили мо мегу заранд.
Гар натонем ҳақи хеш ситондан аз вақт
Рӯзҳо ҳар яке чун қотили мо мегузаранд. 5.9.1972

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед