Ман ошиқи ками туам

Ман ошики дили туам, на ошиқи ҷамоли ту,
Ман ошиқи ками туам, на ошиқи камоли ту.
Маро ғами ту мехурад,«ами маро намохури,
Вафои ман савоби ман, ҷафои ту вуболи ту.
Хаёли дидани туам ба сад хаёл мсбарад,
Вале хама хаёли ман яке бувад хаёли ту.
Суол додиям. ки чун ба кӯи ишқ мерасанд?
Расидаам ба кӯи ту — ҷавоби он суоли ту.
Ниҳоли орзуи ман самар диҳад, агар диҳад
Ба бори орзуи ман самар кади ниҳоли ту.
Тамоми давлати ҷаҳон ба арзане намерасад,
Агар насиби ман расад ба давлати висоли ту
1985

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед