МАН ШУМОРО ЁД КАРДАМ, ДӮСТОН!

Хонаам холист, наздам дӯст нест,
Дӯстон рафтанд дӯш аз назди ман.
Ин шабам танҳо, надорам сӯҳбате
Бо ягон ёру рафиқи хештан.

Хонаам гӯр аст гӯё, андар он
На садои хандае, на шодиест.
Гарчи мехоҳам бихандам бовиқор,
Лек ҳазлу шӯхии онрӯза нест.

Менишинам хаставу зору малул
Аз ҷаҳон ҷуста тасаллие ба худ.
Бе шумо, охир, тасаллӣ чун кунам?
Ёд бод он гаҳ ки айшу нӯш буд!

Дӯстон, ҳо дӯстони ҳамдилам,
Ҳамзабонони дили ошуфтаам.
Тез-тез оед, огоҳам шавед,
Бе шумо ман мисраи ногуфтаам!

Тез-тез оед, то дар рӯятон,
Дар сухан, дар лутф, дар дидоратон,
Дар табассум, дар навозишҳоятон,
Дар нигоҳи гарму пурхумморатон

Ман бубинам лаззати айёмро,
Лаззати ранҷу азоби хешро.
Ин қадар заҳмат вагарна баҳри чист,
Ин қадар ҳам дилфигориҳо чаро?

Бе шумо ман ҳастам, аммо нестам,
Нестам дар шодию дар хуррамӣ,
То шавад такрор базми оншаба,
Давра ороед, пайвандон, даме!

5.9.1962



Шарҳи худро нависед