Маънии зиндагони

Ҳайфи он умр, ки дар ғафлату исён гузарад,

Ҳайфи он рӯз, ки бе лаззати имон гузарад.

Ҳар ки ҳам ҷону ҳам амвол ба дунё бифурӯхт,

Охир аз олами серӯза пушаймон гузарад.

 

Пеши иблис ҳама мардони ҷаҳон номарданд,

Мард он аст, ки аз ин даҳр ба имон гузарад.

Назди мардум ҳама даъвои ғуломӣ доранд,

Банда он аст, ки дар роҳи Ҳақ аз ҷонгузарад.

 

Аз гумони ба ду ғайбатчи муроде ҳосил,

Ҳайфи он умр, ки бо ғайбати ёрон гузарад.

Шайхи олам бикушо, васфи Худованд намо,

То ки ин лаҳза ба хушнудии Раҳмон гузарад.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед