МАНСАБТАЛОШ

mansab

Соҳиби колхози мо Даврон шудаст,

Хонаҳои гарми мо яхдон шудаст.

Мо нишаста бо умеди оби ҷӯш,

Дар миёни хонаҳомон ҷомапӯш.

Ларза дорем аз дами сармои шаб,

Дар бадан мурғак дамад аз зӯри таб.

Ӯ зи деги буғи парвое накард.

Лаклаке бар карнаи он лона кард.

Хонаи худро мудири комхоз.

Аз ҳисоби ҷамъият бинмуда соз,

Печкаи нав, души нав ҳам сохтааст,

Бар «Жигули» як гараж андохтааст.

Фикри ӯ мансабталошӣ мекунад.

Фуки  ӯ гардунтарошӣ мекунад.

Гашта дур аз одамият он қадар,

Арзи касро ӯ намепурсад дигар.

«Хорпӯштак»-ро аз ӯ огоҳ кунем,

Кори Давронро кунун расво кунем.

 

 

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед