МАНУ ТУ

Ҳеҷ оонӣ, ки чй кардем ба модар ману ту?
Ё, чӣ кардем ба ҳам, ҷони бародар, ману ту?
Саъи кардем ба вайронии кишвар ману ту,
Рав, ки уф бар туву ман бошаду туф бар ману ту.
Ҳардумон мояи нангем, амон аз ману ту!
Ману ту ҳар ду ҷафангем, амон аз ману ту!
Маликушшуаро Баҳор
Ману ту ё туву ман? Хуб, чӣ коре кардем?
Бо дили халқ чӣ сон гуфтугузоре кардем?
Чӣ навӣ дар бари ин кӯҳнадиёре кардем?
Ҳеҷ’ Гулзори Ватанро чу мазоре кардем.
Баски фарҳанг надорем, амон аз ману ту!
Фарраву нанг надорем, амон аз ману ту!
Ману ту ҳавсалатангем, амон аз ману ту!
Ману ту даббаву дангем. амон аз ману ту!
Ману ту гиҷу гарангем, амон аз ману ту!
Пур дурӯему дурангем, амон аз ману ту!
Ману ту масту малангем, амон аз ману ту!
Бандаи нашъаву башем, амон аз ману ту!
Гу аз ин сӯ, ман аз он сӯй чу сангар кардем.
Мулки ғоратзадаро ғорати дигар кардем.
Сарварӣ хоставу сарбурие сар кардем,
Хари худро биситудему паямбар кардем. 
Баски мо худ хари лангем, амон аз ману ту!
Ҷумлагӣ вақфи дирангем, амон аз ману ту!
Ту аз ин сӯ, ман аз он сӯй туфанг овардем,
Бахри саркӯбии ҳам оҳану санг овардем,
Халки ғафлатзадаро сахт ба танг овардем,
Аз сари роҳ варо бар сари ҷанг овардем.
Чун ба ҳукми дигаронем, амон аз ману ту!
Душману дӯст надонем, амон аз ману ту!
Сухане ҳеҷ на аз фарри каёнӣ гуфтем,
Ту бадахшонӣ, хуҷандӣ, хуталонӣ гуфтем,
Ту самарқандӣ, зарафшонӣ, вахонй гуфтем,
Ту бухорӣ, ту ҳисорӣ, ту фулонӣ гуфтем.
Баски бегонапарастем, амон аз ману ту!
Сусту бемояву пастем, амон аз ману ту!
Дод, сад дод аз ин хидмати фарзандии мо,
Оҳ, сад оҳ аз ин хешиву пайвандии мо,
Ёфт чун рахна ба девори маҳалбандии мо,
Бехирад тохт ба авранги «хирадмандӣ»-и мо.
Баски авранг надорем, амон аз ману ту,
Фаҳми аржанг надорем, амон аз ману ту!
Бонгамон буд ба номи Ватану суди Ватан,
Бонгамон буд ту гӯй ҳама фармуди Ватан,
3-оташи даъвати мо — даъвии беҳбуди Ватан
Сӯхг он сон ки баромад ба фалак дуди Ватан.
Чу нки беҷилваю рангем, амон аз ману ту,
Мисли як кафишангем, амон аз ману ту!
Аввал аз баҳри димукросӣ талоше кардем,
Баҳри фардои Ватан ҷодатарошӣ кардем,
Мӯканӣ, рӯйканӣ, синахарошй кардем,
Оқибат мардуми худро муталошӣ кардем.
Баски якпора набудем, амон аз ману ту,
Ба як ангора набудем, амон аз ману ту!
Нест қонуне, вале хидмати қонун кардем,
Халқро кӯфта, аз зиндагӣ бурун кардем,
Хуни ӯ рехта, сарсону алохун кардем,
Алғараз домани таърих пур аз хун кардем,
Баски додор надорем, амон аз ману ту,
Баски солор надорем, амон аз ману ту!
Ману ту? Оҳ зи дасти шару шӯри ману ту!
Оҳ аз дасти дилу дидаи кӯри ману ту!
Оҳ аз кӯтаҳии ақлу шуури ману ту!
Ҳар ду кандем ба ҳампанҷагӣ гӯри ману ту!
Ҳар ду бадхоҳи худастем, амон аз ману ту,
Ки чунин хор шудастем, амон аз ману ту!
Инак, аз беҳунарӣ бод ба каф мардуми мост,
Аз паи пораи ноне зада саф мардуми мост,
Монда ҳайрону парешон ду тараф мардуми мост,
Байни обу алави бими талаф мардуми мост.
Хирмани сӯхга дорем, амон аз ман> ту’
Д\ лаби дӯхта дорем. амон аз ману ту!
Вой бар мо, ки киён тоҷи каёнро куштанл
Хешу бегона ҳама тоҷикамонро куштанд,
Пеши ман, гӯ, на фақат пиру ҷавонро куштанд,
Пеши ман гӯӣ ҳама кавну маконро куштанд.
Чунки мо душмани хешем, амон аз ману ту,
Оташи хирмани хешем, амон аз ману ту!
Баъд аз ин фоҷиа чун боз сарафроз шавем?
Боз чун кобили шаҳкориву эъҷоз шавем?
Боз чун ҳамрамақу ҳамдилу ҳамроз шавем,
Ки дар ин зиндагӣ аз мурдагӣ оғоз шавем?
Чунки мо боз ҳамонем, амон аз ману ту!
Баҳри ҳам гӯрканонем, амон аз ману ту!
Ҳол бо шавкати дерина таҳи по шудаем,
Тоҷдорони нагунбахти тиҳипо шудаем,
Дур аз асли худ афтодаву дарво шудаем,
Ахдият нест, ки вомондаи дунё шудаем.
Лоиқи қаҳри худоем, амон аз ману ту!
Ки чунин зиндаҷудоем, амон аз ману ту!
Пас, биё, даст ба ҳам додаву паймон созем,
Дар баду нек ба ҳам будаву даврон созем.
Дар ҳарими диламон маъбади имон созем,
На шимолӣ, на ҷанубӣ. яке Инсон созем!
То ди1ар бор на!ӯем: амон аз ману ту*
То ба такрор нагӯем: амон аз ману ту!
5.2.1994

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед