Марав аз ман, ки бо ту меравад ишқи нахусзинам. /975
Маро ҷустӣ, вале пайдо накардӣ,
Ба бозор омадй, савдо накардӣ.
Шунидӣ қиссаи ғарқидагонро,
Гузоре бар лаби дарё накардӣ.
Зи гулсозон гули коғаз харидӣ,
Талоши лолаи саҳро накардӣ.
Ғами худ хурдиву дилрезаи худ,
Ғами дилро ғами дунё накардӣ.
Дар имрӯзат гами фардо наҷустӣ,
Ки имрӯзи маро фардо накардй.
Ту ҳам танҳо бимонӣ охири кор,
Ки ёде аз мани танҳо накардӣ.
1977
♦ ♦
Марав аз ман. ки бо ту меравад дунёи рангинам,
Марав аз ман, ки бо ту меравад ғамҳои ширинам.
Агар бо ман гули рӯят набошад, хор хоҳам шуд,
Марав аз ман, ки бо ту меравад айёми гулчинам.
Агар аз ман гузаштӣ, бигзарад умрам ба нокомӣ,
Марав аз ман, ки бо ту меравад меҳроби оинам.
Чӣ оромист оромии оби мурдаи соҳил?
Марав аз ман, ки бо ту меравад орому таскинам.
Ту бо ман то ғаме аз ишқ дорӣ, ғам махур аз ишк,
Марав аз ман, ки бо ту меравад тӯмори зарринам.
Ту, эй дилхоҳи деринам, ту, эй тадбиру тамкинам,
Марав аз ман, ки бо ту меравад табрику таҳсинам.
Ту бо ман то ҷавонастӣ, ҷавонӣ кун, ҷавонӣ кун,
Марав аз ман, ки бо ту меравад ишқи нахусзинам.
1975